Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 феврали соли 2026 дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 5-и “Панҷи миёна”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун мулоқоту вохӯрии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ таҳти унвони “Хизмати Модар–Ватанро аз дилу ҷон мекунем” дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун доир шуд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ буд. Инчунин, ташкили чунин мулоқотҳо ба таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар–Ватан мусоидат менамояд.
Ташаббуси баргузории вохӯрӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун роҳандозӣ гардида, он ба як майдони гуфтугӯи созанда миёни намояндагони соҳа ва хизматчиёни ҳарбӣ табдил ёфт.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Нусратулло, сардори Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш Шаҳобзода Сайалӣ, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон иштирок намуданд.
Суханрониҳо бештар ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияту суботи кишвар, масъулияти ҷавонон дар ҳифзи марзу буми Ватан ва аҳамияти омодагии ҷисмониву маънавӣ равона гардиданд. Таъкид шуд, ки артиши миллӣ на танҳо сипари боэътимоди давлат, балки мактаби ҷасорат, интизом ва садоқат ба Ватан аст.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи волейбол, шоҳмот ва шашка баргузор гардид. Сарбозон маҳорати баланди варзишӣ, интизом ва ҳамбастагии худро нишон дода, дар фазои дӯстона рақобат карданд.

Чунин мусобиқаҳо, ба гуфтаи масъулон, на танҳо сатҳи омодагии ҷисмониро боло мебардоранд, балки руҳияи даставӣ ва эҳсоси масъулиятро тақвият медиҳанд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор сарбозону афсарон ва ғолибони мусобиқаҳо бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин иқдом ҳамчун нишони эътирофи хизмат ва талошҳои онҳо дар роҳи ҳифзи марзи давлатӣ арзёбӣ шуд.
Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо дар остонаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ нишон медиҳад, ки робитаи ҷавонон бо сохторҳои ҳарбӣ мустаҳкам гардида, эҳсоси масъулият ва садоқат ба Модар–Ватан дар зеҳну қалби насли ҷавон боз ҳам тақвият меёбад.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
