Ҷашни Истиқлолият муборак, Тоҷикистон! – ИА Караван Инфо
Ҷашни Истиқлолият муборак, Тоҷикистон!

Агентии иттилоотии «Караван Инфо» тамоми сокинони Тоҷикистонро бо 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд!

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ба роҳи соҳибихтиёрӣ кадам гузошта, дар таърихи худ саҳифаи нав кушод. Ин рӯз рамзи озодӣ, ваҳдат ва бузургии мардуми Тоҷикистон аст, ки Истиқлолияти худро сарбаландона қадр мекунад.

Солҳои охир Тоҷикистон муваффақиятҳои назаррасро ба даст овард: иқтисодиёташро  устувор намуд, роҳҳои замонавӣ, беморхонаҳо, мактабҳо сохта шуданд, соҳаи сайёҳӣ  рушд мекунад. Мамлакат   аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта,   ба сафи ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон шомил шуд.

Мо бовар дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ва ба шарофати заҳматҳои фидокоронаи ҳар як шаҳрванд, Тоҷикистон минбаъд низ рушд карда, ба қуллаҳои нав мерасад. Бигзор ин рӯз ба мо хотиррасон кунад, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдат барои ҷомеа хеле  муҳим аст.

Ид муборак бошад, тоҷикистониёни азиз! Ба шумо саломатии бардавом, шукуфоӣ, комёбиву  дастовардҳои нав ва осмони осоишта   таманно дорем!  

Бо эҳтиром,

Агентии иттилоотии «Караван Инфо»

error: