
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” оғози расмӣ бахшиданд.
Ин аввалин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо иштироки соҳибкорони ватанӣ Зайнолобиддин Маҳсудҷонов ва Манзуралӣ Мамадҷонов бо мақсади коркарди пахтаи хом, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ташкили ҷойҳои корӣ таъсис ёфтааст.
Барои корхона 64 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо роҳи сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва зерсохтори саноати сабук, воридот ва насби таҷҳизоти муосир сармоягузорӣ карда шудааст.
Дар корхонаи таъсисёфта коркарди пахтаи хом ва истеҳсоли ришта бо технологияҳои пешқадам ташкил карда шудааст. Таҷҳизоти технологӣ аз истеҳсоли ширкати италиявии “Рифа” аз Ҷумҳурии Халқии Чин ворид карда шудааст, ки технологияи нав дар ин соҳа мебошад.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона зиёда аз 5 ҳазор тонна пахтаи хомро коркард ва аз он ришта истеҳсол карданро ташкил медиҳад. Бо фаъолияти фабрикаи ресандагӣ зиёда аз 350 сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин шудаанд, ки аксарияти кормандон ва мутахассисон занон ва духтарон мебошанд.
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд чорабиниҳои иҷрои барномаҳои Ҳукумати кишвар оид ба рушди пахтакорӣ гузаронида шуданд, ки дар солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли пахта зиёд шуд. Истеҳсоли солонаи пахта дар ноҳия ба 15-16 ҳазор тонна ва пахтаи хом ба зиёда аз 6 ҳазор тонна расид.
ҶДММ “Саноати Ашт” дар асоси нақшаҳои савдо-истеҳсолӣ 4 корхона ва цехи нав месозад. Дар корхонаи ресандагӣ цехҳои бофандагӣ ва рангкунӣ ташкил карда мешавад, ки ин барои ташкили давраи пурраи коркарди пахтаи хом дар ширкати “Саноати Ашт” имкон медиҳад.
Президент таъкид карданд, ки ин лоиҳа як қадами муҳим дар самти амалисозии ҳадафи стратегии суръат бахшидани саноатикунонии кишвар ва рушди саноати сабук мебошад.