Киргизистон ба маъданхои Фоиданоки Афгонистон таваччух дорад – ИА Караван Инфо
Киргизистон ба маъданхои Фоиданоки Афгонистон таваччух дорад

Раиси Кобинаи вазирони Киргизистон Акилбек Жапаров бо вакили муваккатии Корхои Афгонистон дар Киргизистон Нурулло Амин мулокот намуд.

Дар чараёни мухокима самтхо барои хамкории минбаъдаи дучониба муайян намуда шуданд, ки дар ин бора маркази матбуотии кабинети вазирон хабар дод.

Жапаров таъкид намуд, ки Киргизистон талош дорад робитахояшро бо Афгонистон дар сохахои тичорат, наклиёт, энергетика, саноат ва кишоварзи рушд дихад.

Вай инчунин, таваччухи чумхуриро ба коркарди якчояи маъданхои фоиданоки Афгонистон ва татбики ташаббусхои ояндадор кайд намуд.

Нурулло Амин, дар навбати худ, изхори умедвори намуд, ки хамкории байни кишвархо идома меёбад.

Инчунин бояд кайд намуд, ки додситонии Кулли Киргизистон чанде пеш номгуи созмонхои террористиро эълон намуд ва дар кишвар мамнуъ дониста шуд.

Чолиби диккат аст, ки дар ин руйхат харакати “Толибон”, ки холо Афгонистонро назорат мекунад, сарфи назар аз набудани эътирофи байналмилали, дохил нашудааст.

Баъзе намояндагони расонахо хабар доданд, ки Киргизистон расман “Толибон” – ро аз руйхати сиёх хорич намудааст, аммо макомот то хол дар ин бора шарх надодаанд ва макомоти додгохи ва додситони хомуш мондаанд.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Кобинаи Киргизистон

error: