Ба беморхонаи давлатии дустии Киргизистон ва Туркия номи президенти Туркия Речеп Тайип Эрдугон дода шудааст.
Президенти Киргизистон Садир Жапаров фармонеро имзо намуд, ки тибки он ба нишони эътирофи сахми назарраси президенти Туркия Речеп Тайип Эрдугон дар рушд ва тахкими муносибатхои киргизи-турки, номи у ба беморхонаи давлатии Бишкеки дустии киргизи-турки дода шуд.

Акнун муассисаи тибби “беморхонаи давлатии Дустии киргизистон ва туркия ба номи Речеп Тайип Эрдугон” ном хохад дошт.
Имруз ин беморхона хамчун ташкилоти гайритичорати фаъолият мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонихои тибби ва хифзи саломатии шахрвандон машгул аст.
Аз замони ифтитохи маркази тибби сокинони Киргизистон ба хадамоти тиббии баландтехнологи дастраси пайдо намуданд.
Ба сохтори беморхона шуъбахои ёрии таъчили, анестезиология, терапия, гастроэнтерология, чаррохии умуми, пулмонология, чаррохии дил, кардиология, инчунин поликлиника ва шуъбаи радиология дохил мешаванд.
Илова ба хизматрасонии тибби, беморхона инчунин бо фаъолияти илми машгул аст.
АКСХО: аз манбаъхои кушода