Макомоти Португалия дар чараёни амалиёти “Тартар” беш аз 6,5 тонна кокаинро мусодира намуданд – ИА Караван Инфо
Макомоти Португалия дар чараёни амалиёти "Тартар" беш аз 6,5 тонна кокаинро мусодира намуданд

Дар Португалия чанде пеш амалиёти густурдаи мубориза бо тичорати маводи мухаддир гузаронида шуд, ки дар он беш аз 6,5 тонна кокаин мусодира намуда шуд. Борхои манъшуда аз Амрикои Лотини омада буданд ва барои пахн намудани онхо дар саросари Аврупо пешбини шуда буданд. Амалиёт бо номи Рамзии “Тартар” ду мох давом намуд.

Се шахрванди Португалия, ки ба гуфтаи полис аъзои созмони чиноятии фаромилли мебошанд, боздошт шуданд. Инчунин, дар чараёни амалиёт хуччатхои гуногун ва якчанд мошинхо мусодира намуда шуданд.

Артур Ваз, директори шуъбаи Миллии мубориза бо гардиши гайриконунии маводи мухаддир кайд намуд, ки Португалия макони нихоии маводи мухаддир нест. Бор барои дигар Кишвархои Аврупо пешбини шуда буд ва амалиёт робитахои шабакаи чиноятиро дар якчанд кишвархо ошкор намуд.

Аксхо: Armando Franca

error: