Суди конститутсионии Таиланд Сеттху Тхависинро аз вазифаи сарвазир озод намуд – ИА Караван Инфо
Суди конститутсионии Таиланд Сеттху Тхависинро аз вазифаи сарвазир озод намуд

Суди конститутсионии Таиланд тасмим гирифт, ки сарвазир Сеттху Тхависинро аз вазифаи ишголнамудааш озод кунад. Додгох уро дар вайрон намудани ахлоки конститутсиони гунахкор донист, ки ин барои аз вазифа махрум намудани у асос гардид, хабар медихад Шабакаи Телевизионии Таиланд Thai PBS.

Бо карори коллегияи суд, ки бо панч овоз бар зидди чор овоз овоз дод, Тхависин бо сабаби гум шудани эътимод ва вайрон намудани ахлоки конститутсиони ба вазифаи сарвазири сазовор дониста нашуд. Ин карор рузи чоршанбе эълон шуд.

Сабаби баррасии парванда изхороти гурухи чил сенатор буд, ки мохи майи соли 2024 пешниход шуда буд. Дар он гуфта мешуд, ки сарвазир ахлоки конститутсиониро вайрон намуда, Пхичит Чианбанро ба вазифаи вазири таъин намудааст. Чианбан, ки каблан барои беэхтироми ба суд ва кушиши додани пора махкум шуда буд, дар мохи апрели соли 2024 дар давраи тагйири хукумат ба вазифа таъин шуд. Ин таъиншави танкид ва гумонбар шудани фасодро ба бор овард, алахусус дар партави робитахои гузаштаи у бо корхои коррупсионии марбут ба сарвазири собик Такин Чинават.

Сеттху Тхависин аз аввали сол сарвазир буд, аммо рохбарияти у мавриди бахсу мунозирахои шадид карор гирифт, ки дар нихоят уро аз вазифа барканор намуд.

Аксхо: аз бойгонии Wason Wanichakorn

error: