Русия ба кишваре табдил ефтааст ки дар байни иктисодхои калонтарин бекории пасттарин дорад – ИА Караван Инфо
Русия ба кишваре табдил ефтааст ки дар байни иктисодхои калонтарин бекории пасттарин дорад

Мохи июни соли 2024 Русия нишондихандахои рекорди дар бозори мехнатро нишон дод ва ба кишвари пасттарин сатхи бекори табдил ёфт, ки 2,4% – ро ташкил медихад, ки ин хадди акали таърихи мебошад.

Дар мукоиса бо Русия, кишвархои дигар низ сатхи пасти бекориро нишон медиханд. Масалан, дар Чопон, Кореяи Чануби ва Мексика ин нишондиханда аз 3% зиёд нест. Бо вучуди ин, сарфи назар аз хабархои мусби барои Русия ва чанд кишвари дигар, дар иктисоди чахони фаркиятхои мухим мавчуданд, алахусус дар минтакахое, ки сатхи бекори махсусан баланд боки мемонад. Дар Чумхурии Африкои Чануби (ЧАЧ) бекори ба 30% нигаронкунанда мерасад, ки ин на танхо бухрони иктисоди, балки бухрони ичтимои барои кишвар аст.

Вазъият дар кишвархое чун, Италия ва Канада низ нигаронкунанда аст. Дар Италия сатхи бекори дар мохи июн то 7%, дар Канада то 6,4% боло рафт. Дар Олмон ва Австралия он мутаносибан 6% ва 4,1% – ро ташкил медихад. Дар Иёлоти Муттахидаи Амрико низ сатхи бекори 4,1% мушохида мешавад. Вазъияти Хиндустон ташвишовар аст, ки дар он хиссаи ахолии бекор дар муддати кутох аз 7% то 9,2% афзоиш ёфтааст.

error: