14 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони зерини соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
– Болтаев Давлат Рустамович — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс,
– Раҳимов Темур Бахтиёрович — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо,
– Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо
– Маҳмадзоир Исмоил — президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд то ҳамаи мураббиёни варзишӣ, ки саҳми намоён гузоштаанд, низ ба таври шоиста қадрдонӣ карда шаванд.
Дар охири суҳбат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар паҳлавонон — ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII – юми тобистонаи олимпии Париж-2024-ро бо дастоварди арзандаашон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҷавонони бонангу номус бо садоқати баланд, масъулият ва машқу тамринҳои мунтазам дар мусобиқаҳои дигари варзишӣ бо натиҷаҳои аз ин ҳам баланд ба Ватан бармегарданд ва шарафи Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳимоя менамоянд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон