Энергетикаи сабз: дар Киргизистон ба сохтмони нахустин парки боди шуруъ намуданд – ИА Караван Инфо
Энергетикаи сабз: дар Киргизистон ба сохтмони нахустин парки боди шуруъ намуданд

Дар наздикии Баликчи дар вилояти Иссиккул сохтмони аввалин боги боди дар Киргизистон идома дорад, ки бо он ширкати ОАО “Киргиз Винд Систем” машгул аст.

 Директори Генерали Асан Садиков иброз намуд, ки аз соли 2017 инчониб тахкикоти минтака, шароити шамол гузаронида шуда, тачхизот барои истехсоли самараноки энергия интихоб намуда шудааст.

Ширкат ду китъаро барои 49 сол ба ичора гирифт, ки дар он паркхои боди бо иктидори 100 ва 200 мегаватт сохта мешаванд.

Дар мархилаи аввал насби генераторхои шамолии 52-метра, ки баландии онхо бо канотхо 75 метрро ташкил медихад, ба накша гирифта шудааст. Тачхизот аз Олмон ва Чин меояд, аммо мушкилоти логистики аз сабаби вазъи кунунии байналмилали ба вучуд омадаанд, ки боиси афзоиши харочоти наклиёт шудааст.

Парки шамолии якум 100 мегаватт 150 миллион доллар ва дуюм 200 мегаватт 280 миллион доллар арзиш дорад. Иктидори онхо барои таъмини кариб тамоми ахолии вилояти Иссиккул, ба истиснои корхонахои саноати, бо неруи барк кофи аст.

Садиков кайд намуд, ки давлат лоихахои энергетикии баркароршавандаро бо имтиёзхои андози ва гумруки дастгири мекунад. Пас аз ба итмом расидани сохтмон, хукумат неруи баркро барои пушонидани каср харидори мекунад ва дар оянда содироти он имконпазир аст.

АКСХО: скриншот аз видео

error: