Ба ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз 25 то 27 сентябр ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Душанбе нахустин намоиши байналмилалии сайёҳӣ “Душанбе-2024” (“Dushanbe International Tourism Exhibition” – DITE) баргузор мешавад. Қарори дахлдор аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби муҳтарам Рустами Эмомалӣ имзо шудааст.
Душанбе барои баргузории нахустин намоиши байналмилалии сайёҳӣ “Душанбе-2024” омодагӣ мебинад.
Нуқтаҳои асосии намоиш:
Рушди сайёҳӣ: Намоиш барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, таъсиси бозори сайёҳии минтақавӣ дар Душанбе ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин соҳа равона шудааст.
Презентатсияи имкониятҳо: Ин чорабинӣ майдони муаррифии захираҳои табиии бой, имкониятҳои фарҳангӣ ва саломатӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Форуми байналмилалӣ: Дар доираи намоиш Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад, ки дар он иштирокчиён метавонанд таҷрибаи худро мубодила кунанд ва масъалаҳои мубрами рушди сайёҳиро баррасӣ кунанд.
Мулоқотҳои B2B: Намоиш имконият медиҳад, ки мулоқотҳои B2B байни намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон баргузор шаванд.
Имзои созишномаҳо: Интизор меравад, ки ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ имзо шаванд.
Омӯзиш: Дар доираи намоиш машғулиятҳои машваратии оид ба масъалаҳои хидмат дар меҳмонхонаҳо ва хидматҳои роҳнамоён баргузор мешаванд.
Иштирокчиён:
Дар намоиш ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин намояндагони шаҳрҳои ҳамшаҳрии Душанбе иштирок хоҳанд кард.