Гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) рушди устуворро нишон медиҳад ва ҳамасола беш аз 70% тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба кишварҳои СҲШ рост меояд.
Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 23-юми Вазирони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар Исломобод баргузор гардид, изҳор дошт.
Тавре Завқизода таъкид кард, муносибатҳои байни кишварҳои СҲШ, ки тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27% ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳанд, пайваста рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Вазири иқтисод едовар шуд, ки Бо ташаббуси Тоҷикистон стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул гардида, пешниҳод намуд, ки нақшаи амал оид ба ин стратегия вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун таҳия карда шавад.
Бояд қайд кард, ки дар Исломобод вазир бо Раиси Вазорати Савдои Покистон Ҷам Камолхон гуфтушунид кард ва пешниҳод кард, ки сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳи барқи обӣ барои энергияи сабз маблағгузорӣ карда шавад.
Фото из открытых источников