Баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар бахши пажӯҳишҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон
Дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон машваратҳо дар самти фаъолияти таҳлилию пажуҳишӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти таҳлилии ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, инчунин таҳаввулоти минтақавию байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши пажӯҳишҳои сиёсӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо азми тавсеаи муносибатҳои байниидоравиро дар ин масир таъкид карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон