Дар Музеи Миллии Тоҷикистон намоиши ҷумҳуриявии “Тақдими ҳунарҳои мардумии тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 35 намуди ҳунарҳои қадимии миллӣ аз фонди тиллоии музей намоиш дода шуданд. Инро аз Музеи Миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоиш ба хотири иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023, ки ба муносибати ворид шудани як қатор ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои қадимии ҳунар ва ҳунарҳои миллӣ, баргузор шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарияти музей, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок карданд, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.Аккос: Музеи Миллии Тоҷикистон