Дар Душанбе осебшиносон ва ортопедон аз хориҷи кишвар гирд омаданд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе осебшиносон ва ортопедон аз хориҷи кишвар гирд омаданд

Анҷумани 2-юми осебшиносон ва ортопедони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Инноватсия дар осебшиносӣ ва ортопедӣ”  дар Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири Караван инфо.

Дар чорабинӣ  наояндагон аз хориҷи кишвар аз ҷумла Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Армения, Испания, Грузия, ИМА ширкат варзиданд.

Анҷуманро бо сухани муқаддимавӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода ҳусни оғоз бахшида, ҳамкасбони бурунмарзиро барои иштироки фаъолона дар анҷуман хайрамақдам намуд.

Гуфта шуд, ки давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхории роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин замина баҳри рушду пешрафти соҳа тадбирҳои муҳиму назаррас андешида шуданд.

Дар баробари дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ шохаи осебшиносӣ ва раддодӣ низ дар ин давра ташаккул ёфта, ба як қатор дастовардҳо ноил шуд, ки ворид кардани осеббардорӣ дар Дурномои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар кишвар аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳад.

Қайд гардид, ки давоми солҳои охир бо саъю кӯшишҳои мутахассисони соҳа ва якҷо бо устодони кафедраҳои травматология ва ортопедия дар самти такмил ва ташкили хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи травматология ва ортопедия дар кишвар якчанд навгониҳо ба даст омаданд.

Бино ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ҷаҳони муосир, ки зарурати наздикшавӣ ва мутобиқ гардонии низомҳои миллии ҳамаи бахшу соҳаҳоро бо мақсади бунёди фазои пешрафт равона кардааст, наметавонад бетабодули таҷрибаи дохилию хориҷӣ муваффақ гардад. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, алалхусус, барои соҳаи тандурустии кишварҳо як ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ ҳисоб меёбад.

Ҳамин аст, ки аз анҷуман то анҷуман  осебшиносон ва ортопедиони кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, зимни ин чорабинӣ дастовардҳои хешро муҳокима ва баҳри рушди минбаъдаи соҳа нақшаву ҳадафҳои хешро муайян месозанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли дуюм аст, ки дар кишвари мо чорабинии сатҳи баланд- анҷумани 2-юми осебшиносон ва ортопедони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

error: