Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, ки 23 апрели соли 2024 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ба имзо расида буд, пас аз анҷоми гузаронидани расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҷониби ҳар ду кишвар, аз 14 октябри соли 2024 эътибор пайдо хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, шаҳрвандони Тоҷикистону Италия, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ мебошанд, метавонанд ба ҳудуди ҳамдигар бе дастрасии раводид ба муддати на зиёда аз навад (90) рӯз дар давоми як саду ҳаштод (180) рӯз ворид ва будубош намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки шуруъ аз 1 майи соли 2024 низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар мавриди амал қарор мегирад.
Тавре таъкид гардид, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 25 кишвар ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ шудааст, илова карда шуд.
Инчунин тибқи ҳамин қарор номгӯйи 16 давлати хориҷӣ, ки нисбат ба шаҳрвандони синнашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст, тасдиқ шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон