Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои иҷлосияи 79-Уми Ассамблеяи Генералии СММ – ИА Караван Инфо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои иҷлосияи 79-Уми Ассамблеяи Генералии СММ

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, паёмадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ ва ноамнии озуқавориро муҳокима намуда, амалҳои дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самтҳо зарур шумурданд.

Ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, нобудшавии гуногунии биологӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, татбиқи Рӯзномаи-2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 2028, ки ҳарду дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, низ аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки “дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем”.

Нақшаи дар соли 2025 баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд.

Ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, фаромадани ярчу тарма, таъсири манфии офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишварҳо, дигар паёмадҳои фалокатбор ва пешгирии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология, самти муҳиму судманди ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ арзёбӣ шуд.

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар ба таҳдидҳои дорои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва низоъҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешавад.

Барои муқовимат бо чунин таҳдидҳо истифода аз имконоти хадамоти дахлдор, сохторҳои махсуси созмонҳои байналмилалию минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Зикр гардид, ки дар конфронси қарибулвуқуъ дар Давлати Кувайт дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” масъалаҳои мубрами мубориза бо терроризми байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди кишвар номида, аз ҳамкории босамар бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар тӯли 31 соли ҳамкории дуҷониба бо дастгирии молиявии Бонк дар Тоҷикистон 116 лоиҳаи афзалиятнок дар соҳаҳои иҷтимоӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар татбиқ шудааст.

Масоили ҷалби маблағ барои татбиқи тарҳҳои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини ҳадафҳои иҷтимоии кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, дастрасӣ ба “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” аз мавзуъҳои умдаи суҳбат буд.

Ба Бонки Ҷаҳонӣ барои пешсафӣ ва иқдомҳои амалиаш дар раванди маблағгузории сохтмони Неругоҳи “Роғун” изҳори сипос карда шуд. 

Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои иловагӣ ва идомаи раванди ислоҳот, табодули андеша сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, бахусус барои тавлиди энергияи барқароршаванда ва рушди кишоварзӣ мебошад ва зарур аст, ки барои истифодаи босамар аз ин имконот дастгириҳои байналмилалии молиявию техникӣ афзун гардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: