Шаби 22 сентябр дар маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” операи “Рудакӣ” бо иштироки ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба намоиш гузошта шуд.
Операи Шарофиддин Саидфиддинов “Рудакӣ” ба 33-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, Рӯзи Рудакӣ ва 95-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ғолиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, поягузори ҳунармандии операвии тоҷик, профессор Шарофиддин Саидфиддинов бахшида шуда буд.
Ин асар, ки барои нахустин бор соли 1976 ба намоиш гузошта шуд, ҳамеша дар байни тамошобинон муваффақияти зиёд дошт ва аз ҷониби мунаққидон баҳои баланд гирифта буд. Версияи навшудаи опера дар Хуҷанд боз ҳам барои тамошобинон пешниҳод карда шуд, ки дар байни онҳо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақа ҳузур доштанд.
Аксҳо: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон