Акцияи экологӣ бо номи “Тозагии соҳил” дар соҳили ростӣ дарёи Душанбинка баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Акцияи экологӣ бо номи "Тозагии соҳил" дар соҳили ростӣ дарёи Душанбинка баргузор шуд

Ба ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳили ростӣ дарёи Душанбинка, акцияи экологӣ бо номи “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Кумита барои таъмини тозагии муҳити зист, бахусус дар масъалаи аз байн бурдани шишаҳои пластикӣ, бо ҳамаи ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, ҳамкорӣ мекунад.

Акцияи экологӣ дар Душанбе яке аз чорабиниҳои навбатӣ дар доираи барномаи беҳбудии вазъи экологӣ дар шаҳр мебошад.

Имсол, ба пешниҳоду ташаббуси ҷаноби Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе, соли маърифати экологӣ эълон шудааст. Ин як даъвати ҳавасмандкунанда барои сокинони пойтахт барои нигоҳ доштани тозагӣ ва тартибот, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ хидмат мекунад.

Иштирокчиёни акцияи “Тозагии соҳил” саҳми худро дар кори тоза кардани муҳити зист, бахусус соҳили дарёи Душанбинка, ворид карданд, ки бешубҳа як қадами муҳим дар роҳи нигоҳдории бойи табиии шаҳри мо мебошад.

Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: