Масъалаи вазъи нашъамандӣ дар минтақа зимни ҳамоиш дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ шуд.
Тавре дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар Алмато оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот байни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар масири шимолӣ чорабинӣ доир гашт, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоиш дар заминаи Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо баргузор гардид.
Коршиносон оид ба нишондиҳандаҳои асосии вазъи нашъамандӣ дар минтақа сухан гуфта, сохтори ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои нашъадор, маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои мусодирашударо шарҳ доданд.
Ҳамчунин мушкилот дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои такмили механизмҳои ҳамкорӣ бо назардошти тамоюлҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён феҳристи тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор таҳия намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон