Дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Минтақаҳои рушд» гузашта истодааст. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, чорабинӣ рӯзи 25 сентябр ба кори худ оғоз карда, то 2 октябри соли 2024 идома хоҳад ёфт.
Дар ин ҳамоиш беш аз панҷоҳ нафар намояндагони иттиҳодияҳои ҷавонон ва ҷомеаҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои илмии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон ширкат доранд.
Иштирокчиёни форум масъалаҳои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар ИДМ баррасӣ намуда, дар бораи рушди ҳамкориҳои ҷавонон дар соҳаи иқтисодӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба раванди таҳия ва татбиқи самтҳои стратегии рушди ҳудудҳо, ташаккули нерўи зарурии кадрӣ барои ҷорӣ намудани технологияи муосир, ташаббусҳои лоиҳакашӣ дар фазои Иттиҳод баррасӣ хоҳанд кард.
Барномаи форум дарсҳои маҳорат ва ҷаласаҳои корӣ оид ба рушди малакаҳои соҳибкорӣ, идоракунии инноватсионӣ, саводнокии молиявӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар тиҷоратро дар бар мегирад. Дар форум ҳамчунин ба масъалаҳои таҳсилот ва касбомузӣ дар замони муосири иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Ҳамоиш аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ташкил карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз