Ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид 26 сентябр, ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, оид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо раиси вилояти Сурхондарё Қосимов Улуғбек аз минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” воқеъ дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карданд.
Аъзои ҳайати вилояти Хатлон бо натиҷаҳои ислоҳот дар самти рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин ҷо шинос шуданд.
Қайд карда шуд, ки имкони вуруду хуруҷ ба ҳудуди марказ дар тӯли 15 рӯз бидуни гирифтани раводид ва тиҷорат бо 7 асъори хориҷӣ барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар фароҳам оварда шудааст, ки барои афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон замина фароҳам меорад.
Ҳамчунин, масъалаи ҷалби тоҷирони тоҷик ба ин марказ ва густариши равобити тиҷории на танҳо ду кишвар, балки бо кишварҳои ҷаҳон низ таъкид шуд.
Дар минтақаи озоди тиҷоратии “Айритом” аз Афғонистон, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон тоҷирон ба кор машғул ҳастанд. Ҳудуди он 36 гектарро ташкил мекунад ва 400 мағоза дар чор блоки савдо ҷойгир аст. “Айритом” дорои маҷмааи савдо, биноҳои истеҳсолӣ ва анбор, инчунин маркази логистикӣ буда, дар ин ҷо меҳмонхона, дармонгоҳи тиббӣ ва маркази таълимӣ мавҷуд мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ аз дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавии тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамгироии захираҳо ва имкониятҳои технологии истеҳсолкунандагони ду минтақа ёдовар шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси президентҳои ду кишвар дар солҳои охир муносибатҳои чандинасраи дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар марҳилаи нав густариш меёбанд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон