Дар Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад

Аз 2 то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи байналимилалии ҷудо.

Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд. То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 539 варзишгар (292 мард, 247 зан) аз 67 давлат номнавис шудаанд.

Аз  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) иштирок мекунад.

Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ин чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин бор баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистон мебошад.

АКС: аз манбаъхои кушод

error: