Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро бо дубора интихоб шуданаш ба мансаби раиси Шӯрои Федератсияи Русия табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки интихоб шудани Матвиенко ба ин вазифаи баланд ифодаи эътимоди мардуми Русия ба шахси ӯ мебошад.
«Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори устувори рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мешиносанд. Мо саҳми шахсии шуморо дар таҳкими муколамаи байнидавлатӣ баланд қадр мекунем», — афзуд Рустами Эмомалӣ.
Инчунин, раиси Маҷлиси миллӣ итминон изҳор кард, ки Русия ва Тоҷикистон муколамаи байнипарлумониро густариш хоҳанд дод ва ҳамкориҳои амалиро дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳо ва давлатҳои дӯсташон афзоиш хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки Валентина Матвиенко бори чорум раиси Шӯрои Федератсия интихоб шуд ва аз соли 2011 ин вазифаро ишғол мекунад.
Акс: АМИТ «Ховар»