Фон дер Лайен барои рад намудани интишори мукотиба дар бораи хариди ваксинахои Pfizer ба додгох кашида мешавад – ИА Караван Инфо
Фон дер Лайен барои рад намудани интишори мукотиба дар бораи хариди ваксинахои Pfizer ба додгох кашида мешавад

Раиси комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен барои рад намудани мукотиботи шахси бо рохбарияти Ширкати Pfizer дар бораи хариди бисёрмиллиарддоллараи ваксинахои коронавирус ба додгох кашида мешавад.

Мурофиаи парвандаи the New York Time дар асоси конуни озодии иттилоот 15 ноябр огоз меёбад. Интизор меравад, ки Фон дер Ляйен мачбур шавад, ки дар бораи чузъиёти гуфтушунид бо Pfizer шаходат дихад. NYT нашри мукотиботро талаб мекунад, ки ба гуфтаи нашрия, бо хариди ваксинахои миллиардхо евро нархдошта алокаманд аст.

Намояндагони комиссияи Аврупо аз шархи мурофиаи суди ва макоми Фон дер Ляйен хамчун чавобгар худдори намуданд.

Каблан Муовини Раиси Шурои амнияти Русия Дмитрий Медведев раиси Иттиходи Аврупоро барои хариди 4,6 миллиард вояи ваксина ба маблаги умумии 71 миллиард евро танкид намуда буд.

Аксхо: Johanna Geron / Reuters

error: