Корпоратсияи Google бо ширкати калифорниягии Kairos Power барои хариди шаш ё хафт реактори хурди хастаи созишнома имзо намуд. Энергияе, ки ин реакторхо истехсол мекунанд, барои таъмини марказхои коркарди маълумот, ки дар кор бо зехни сунъи зарур мебошанд, истифода мешавад.

Реактори аввал бояд то соли 2030 ва бокимонда то соли 2035 ба истифода дода шавад. Иктидори умумии Google, ки аз Kairos Power харидори намудани аст, 500 мегаватт хохад буд.
Google аввалин корпоратсияе буд, ки реакторхои хастаиро барои эхтиёчоти худ фармоиш дод, аммо на ягона ширкате, ки аз неруи хастаи истифода мебарад. Дар мохи сентябр, Microsoft созишномаро дар бораи аз нав огоз намудани кор дар Неругохи барки Атомии Three Mile Island ба Имзо расонид ва Amazon маркази иттилоотии неруи хастаиро харид.
Ин кадам як кисми стратегияи Google барои суръат бахшидан ба гузариш ба энергияи тоза ва дастгирии технологияхои пешрафта барои тавлиди энергия мебошад.
Аксхо: Pixabay.com / makamuki0