Дар Москва чорабинии тантанави бахшида ба Рузи Чумхурии Казокистон баргузор шуд. Сафири Казокистон дар Русия Даурен Абаев дар суханронии худ кайд намуд, ки ин руз рамзи ба даст овардани тамомияти таърихии мардуми Казокистон ва макоми узви комилхукуки чомеаи миллатхои сохибихтиёр мебошад. Вай таъкид намуд, ки муносибатхо бо Русия дар хама сохахо, аз сиёсат ва иктисод то фарханг ва маориф рушд мекунанд. “Кудрати шарикии мо на танхо ба манфиати тарафайн, балки ба робитахои мустахками таърихи асос ёфтааст” илова намуд Абаев.

Муовини Вазири корхои хоричии Русия Александр Панкин инчунин, ахамияти муносибатхои дучонибаро, ки ба принсипхои баробархукуки ва эхтироми сохибихтиёри асос ёфтаанд, кайд намуд. Вай таъкид намуд, ки Казокистон дар рохи рушди ичтимоию иктисоди бомуваффакият пеш меравад ва дар арсаи чахони чойгохи мухимро ишгол намуда, дар халли масъалахои мубрами байналмилали ва минтакави сахм мегузорад.

Дар чорабини намояндагони Маъмурияти Президент, Хукумат ва Вазорати корхои хоричии Русия, аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи Давлати, инчунин дипломатхо ва ходимони маъруфи илм ва фарханг иштирок намуданд.

Аксхо: Сафорати ЧК дар Русия