Дар Касри Чумхури консерти чашни бахшида ба Рузи Чумхурии Казокистон баргузор шуд. Дар чорабини намояндагони сохахои гуногун: ходимони давлати, ходимони фарханг, собикадорон ва чавонон иштирок намуданд.

Консерт бо тантанаи парчами Давлати ва ичрои суруди давлати огоз ёфт. Дар давоми шаб сурудхои ватандустона дар ичрои хунармандони маъруфи Казокистон, ба монанди гурухи SteppeSons, Карина Абдуллина, ARO ва Жубаниш Жексенули, Жанар Дугалова, гурухи ALPHA ва дигарон садо доданд. Тамошобинон инчунин, аз баромади Байгали Серкебаев ва ичрокунандаи чавон Kyle Ruh лаззат бурданд ва коллективи афсонавии “Дос-Мукасан” хитхои машхури худро ичро намуд.
Ракамхои ракси ва эчодии балети Wake up таассуроти махсус гузоштанд. Куллминатсияи консерт композитсияи “Атамекен” дар ичрои артисти Халки Роза Римбаева ва ходими шоистаи Чумхурии Казокистон Биржан Хасангалиев буд.
Аксхо: Хокимияти шахри Алмаато