Ширкати Хавопаймоии Русия Smartavia халабони 57-солаи Олег Ряполовро бо сабаби ходисаи 18 августи соли 2024 дар фурудгохи Сочи, аз кор озод намуд. Халабон пас аз он ки хавопаймо хангоми фуруд омадан ба хати парвоз (тейлстрайк) расид, аз кор озод намуда шуд.

Тибки маълумоти пешакии тафтишоти Росавиатсия, сабаби ин ходиса хатогихо буд, ки боиси он шуд, ки хавопаймо пас аз фуруд омадани аввал аз парвозгох чудо шуд. Дар Хадамоти матбуотии Smartavia таъкид намуда шуд, ки кори халабон на танхо барои бехатарии мусофирон, балки барои бехатарии хавопаймо низ масъулияти калон дорад:
“Касби халабон на танхо масъулияти хаёт ва саломатии мусофирон, балки хифзи техникаи ба у вогузоршударо низ дар назар дорад”.
Тейлстрайк метавонад ба сохтори хавопаймо зарар расонад, ки ин ходисахоро махсусан дар сохаи авиатсия чидди мекунад.
Аксхо: Pixabay.com / dmncwndrlch