Дар Хорог заводи истеҳсоли маҳсулот аз  гӯшти қутос сохта мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Хорог заводи истеҳсоли маҳсулот аз  гӯшти қутос сохта мешавад

Дар парки технологии шаҳри Хорог сохтмони заводи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ оғоз ёфтааст, ки ашёи асосии он гӯшт аз қутос хоҳад буд.

 Технологияи истеҳсолот аз Германия ва Австрия ворид карда мешавад. Тавре ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, сохтмони завод дар моҳи марти соли 2024 оғоз ёфтааст. Масоҳати ин корхона 2,600 метри квадратӣ хоҳад буд ва 50 ҷойи кориро ташкил хоҳад кард.

Ашёи хом барои истеҳсолот аз ноҳияи Мурғоб  ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии минтақа ворид хоҳад шуд. Қутос манбаи муҳим барои саноати маҳаллӣ мебошад. Гӯшт ва шир аз ин ҳайвонот аз ҷиҳати экологи тозаву соф ҳисобида мешаванд ва талабот ба чунин маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ афзуда истодааст. Корхона на танҳо ба талаботи бозори дохилӣ, балки ба содироти маҳсулот низ нақша дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиёд кардани шумораи қутосҳоро амалӣ мекунад, ки диққати махсусро ба парвариши ин ҳайвонот дар минтақаҳои кӯҳӣ, ба монанди Мурғоб, Роштқалъа ва Дарвоз равона мекунад.

Танҳо дар канори яке аз кӯлҳои зеботарини Мурғоб – Зоркул зиеда аз 9 чарогоҳи зимистона ҷойгир аст, ки дар ҳар кадоми онҳо то 100 сар қутос парвариш карда мешавад. Шароити ин минтақаҳо барои рушди соҳа мусоид буда, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад.

Сурат: аз манбаъҳои кушода

error: