Пас аз анчоми интихоботи парлумони дар Гурчистон, кишвар дар бухрони сиёси карор гирифт. Тибки маълумоти комиссияи Марказии интихобот, хизби хокими “Орзуи Гурчистон” 53,93% овозхоро ба даст овард. Аммо президенти Гурчистон Саломе Зурабишвили ва рохбарони хизбхои мухолифин изхор доштанд, ки интихобот бо конуншикани ва такаллуб баргузор шудааст. Зурабишвили дар суханронии худ дар Тбилиси макомотро дар “такаллуби кулли” айбдор намуд ва шахрвандонро ба эътироз даъват намуд.

Чор хизби мухолиф низ монеаи панч фоизро паси сар намуданд, аз чумла эътилофи “Вахдат” “Харакати Милли”, ки 10,17% овозхоро ба даст овард. Аммо як катор рохбарони мухолифин, аз чумла Узви эътилоф Гию Джапаридзе, конунияти парлумонро эътироф нанамуданд ва гуфтанд, ки чойхои худро ишгол намекунанд.
Мухолифин ният доранд, ки шаби душанбе дар хиёбони Руставели эътироз барпо кунанд, то норозигии худро ба натичахо эълон кунанд ва таваччухи чомеаи байналмилалиро ба “дуздии овозхо” чалб кунанд.
Дар навбати худ, Сарвазири Гурчистон Ираклий Кобахидзе хабар дод, ки хукумат бо вучуди эътирозхо ва радди эътирофи натичахо аз чониби мухолифин тасдик намуда мешавад. Вай мухолифинро танкид кард ва гуфт, ки ин интихоботи нухум аст, ки онхо натавонистанд натичахои онро кабул намоянд.
Иттиходи аврупо ва Жозеп Боррел, рахбари дипломатияи Аврупо, аз макомоти Гурчистон даъват намуданд, ки тахкики зуд ва мустакили конуншиканихои дар интихобот ошкоршударо анчом диханд. Хайати муштараки нозирони САХА кайд намуд, ки гарчанде ки дар интихобот 18 хизб иштирок намуданд, маърака дар пасманзари поляризатсияи сиёси ва гузоришхои сершумор дар бораи фишор ба интихобкунандагон баргузор шуд. САХА инчунин, ба шароити нобаробар барои иштирокчиён ва бартарии назарраси хизби хоким дар истифодаи захирахо ишора намуд.
Иттиходи Аврупо хисобот ва тавсияхои нихоии САХА-ро интизор аст, ки ахамияти татбики харчи зудтари онхоро барои баркарор намудани эътимод ба раванди интихобот дар Гурчистон таъкид мекунад.
Аксхо: newsgeorgia.ge