Муовини вазири корхои хоричии Казокистон Алибек Бакаев бо Сафири Сингапур дар Казокистон Зулкифли Бахорудин мулокот намуд.

Дар чараёни мулокот чонибхо натичахои сафари Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаевро ба Сингапур мохи майи соли равон бахои баланд дода, омодагии худро барои татбики минбаъдаи созишномахои бадастомада изхор намуданд.
“Сингапур яке аз шарикони калидии Казокистон дар Осиёи Чанубу Шарки аст ва мо ба тахкими робитахои тичоративу иктисоди нигаронида шудаем. Соли гузашта гардиши мол 1,8 миллиард доллари ИМА — ро ташкил дод ва мо итминон дорем, ки мо метавонем ин нишондихандахоро тавассути баланд бардоштани сифати савдои мутакобила бехтар кунем”, – таъкид намуд А. Бакаев.
Роххои рушди хамкори дар сохахои сармоягузори ва логистикаи наклиёти низ барраси шуданд. Дипломатхо оид ба масъалахои мубрами рузномаи минтакави ва чахони, инчунин оид ба хамкори дар доираи сохторхои бисёрчониба мубодилаи афкор намуданд.
Сафир Зулкифли Бахорудин аз номи Муовини Сарвазир-Вазири корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу барои сахми назаррас дар рушди муносибатхои дучониба бо сипоснома мукофотонида шуд.
Аксхо: ВКХ ЧК