Дар ИМА интихоботи президенти огоз ёфт: сокинони Диксвилл-Нотч аввалин шуда дар нимаи шаб овоз доданд – ИА Караван Инфо
Дар ИМА интихоботи президенти огоз ёфт: сокинони Диксвилл-Нотч аввалин шуда дар нимаи шаб овоз доданд

Дар ИМА раванди овоздихи дар интихоботи 60-уми президенти огоз ёфт ва аввалинхо аз руи анъана сокинони шахраки хурди Диксвилл-Нотч дар Иёлоти Ню-Гэмпшир овоз доданд. Тибки иттилои Fox News, шаш интихобкунанда дар нимаи шаб ба участкаи интихоботии шахрак дар нимаи шаб омаданд ва аллакай соати 00:10 ба вакти махалли натичахо эълон намуда шуданд: се овоз барои номзади хизби Чумхурихох Доналд Трамп ва се овоз барои номзади хизби Демократ Камала Харрис дода шуд.

Овоздихи дар Диксвилл Нотч аз соли 1960 инчониб рамзи раванди интихобот дар ИМА шудааст ва бисёре аз амрикоихо ин овоздихиро пешгуи натичаи интихобот медонанд.

Дар ин интихобот амрикоихо бояд на танхо президент ва ноиби президент, балки 468 узви Конгресс, губернаторхо дар 11 иёлот ва инчунин намояндагонро ба макомоти махаллии хокимият интихоб кунанд. Хизби демократи аз чониби ноиби президенти Кунуни Камала Харрис ва шарики у, губернатори Миннесота Тим Уолтс намояндаги мекунад ва чумхурихохон бо президенти собик Доналд Трамп ва сенатори Огайо Чеймс Дэвид Вэнс мераванд.

Пештар Харрис ва Трамп бо интихобкунандагон вохурихои нихои баргузор намуданд, ки дар он харду номзад мавкеи худро дар масъалахои асоси пешниход намуданд.

error: