Мухолифини гурчистон ваъда медиханд ки эътирозхоро алайхи натичахои интихобот идома медиханд – ИА Караван Инфо
Мухолифини гурчистон ваъда медиханд ки эътирозхоро алайхи натичахои интихобот идома медиханд

Дар Тбилиси хазорхо чонибдорони мухолифини гурчи дар назди бинои парлумон дар проспекти Руставели ба митинг баромаданд ва аз натичахои интихоботи парлумонии 26 октябр норозиги изхор намуданд. Нерухои мухолифин, аз чумла хизбхои “Эътилофи тагйирот”, “Харакати ягонаи милли” ва “Гурчистони Кави” изхор медоранд, ки пирузии хизби хукмрони “Орзуи Гурчистон” бо вайронкуни ва таъсири Русия таъмин намуда шудааст.

Комиссияи марказии интихобот “Орзуи Гурчистон” – ро голиб эълон намуд, аммо мухолифин ва президенти Гурчистон Саломе Зурабишвили натичахоро эътироф нанамуданд. Дар изхороти худ президент кайд намуд, ки ин интихобот бо конуншиканихои чидди баргузор шуд. Намояндагони САХА инчунин изхор доштанд, ки интихобот ба стандартхои байналмилали чавобгу набуд, бо ишора ба холатхои пора додани овозхо, овоздихии дукарата, тарсонидан ва зуровари.

Нерухои мухолифин ин эътирозро бемухлат эълон намуданд ва ният доранд, ки хар руз эътироз кунанд. Намоиши навбати имруз дар назди Касри варзиши Тбилиси баргузор мешавад.

Аксхо: Александр Патрин / ТАСС

error: