Интихоботи соли  2024 дар ИМА гаронтарин дар таърих гардид – ИА Караван Инфо
Интихоботи соли  2024 дар ИМА гаронтарин дар таърих гардид

Маъракахои пешазинтихоботии номзадхо дар интихоботи президенти ва инчунин конунгузорони харду палатаи Конгресс дар соли 2024 гаронтарин дар таърихи ИМА гардида, ба маблаги умумии харочот 15,9 миллиард доллар (14,5 миллиард евро) расид. Тибки Маълумоти созмони гайритичоратии амрикоии OpenSecrets, ин нишондиханда аз харочоти интихоботи соли 2020, вакте ки 15,1 миллиард доллар (13,8 миллиард евро) буд, зиёдтар буд. Барои мукоиса, маъракахои интихоботи дар соли 2016 6,5 миллиард доллар (5,9 миллиард евро) арзиш доштанд.

Номзади Хизби Демократ Камала Харрис тавонист барои маъракаи худ беш аз 1 миллиард доллар чамъ оварад, ки такрибан 40% аз донорхои хурд буд. Гайр аз он, вай тавассути кумитахои сиёсии дастгири 586 миллион доллар ба даст овард. Маъракаи Доналд Трамп мустакиман 382 миллион доллар чамъ овард, ки 28% низ ба хайрияхои хурд рост омад. Кумитахои иловагии алокаманд 694 миллион доллари дигарро чалб намуданд.

Харочоти махсусан назаррас ба маъракахои таблиготи дар иёлотхои калидии “тагйирёбанда” равона намуда шуданд, ки дар он овоздихи метавонад халкунанда бошад. Дар Пенсилвания барои таблиготи интихоботи 264 миллион доллар, дар Мичиган 151 миллион доллар ва дар Чорчия 137 миллион доллар сарф шудааст.

Шабакахои ичтимои низ ба арсаи мухими таблиготи сиёси табдил ёфтанд. Маъракаи Харрис барои таблигот дар платформахои Meta (Facebook ва Instagram) 132,4 миллион доллар сарф намуд, дар холе ки чумхурихохон 24,7 миллион доллар сармоягузори намуданд. Бо вучуди ин, дар платформаи X (собик Twitter) чумхурихохон нисбат ба демократхо бо харочоти 1,1 миллион доллар дар мукоиса бо 150 хазор доллар бештар харч намуданд.

Дар ин интихобот, ба гайр аз президент ва ноиби президент, амрикоихо хайати Конгресс, губернаторхо дар 11 иёлотро муайян мекунанд ва инчунин намояндагонро ба макомоти махаллии хокимият интихоб мекунанд.

Аксхо: kamil krzaczynski / afp

error: