Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кобилҷон Хушвахтзода дар конференсияи байналмилалии «Технологияҳои баландсамар ва пешқадам», ки аз 1 то 5 ноябр дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кобилҷон Хушвахтзода қайд кард, ки илм дар сиёсати маорифии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ мебозад. Бо дастгирии доимии Сарвари давлат ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи илм ба таври назаррас васеъ мегардад.

Ҳадафи асосии конференсия таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи илм, технология ва истеҳсолоти саноатӣ, инчунин мубодилаи дастовардҳои илмӣ мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки Донишгоҳи Сиани Ҷиаотун (XJTU), ки яке аз қадимтарин донишгоҳҳои Чин буда, соли 1896 таъсис ёфтааст, ҳамчун майдони калидӣ барои муҳокима ва мубодилаи таҷриба байни олимони ду кишвар хизмат намуд.
АКСҲО: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон