Дар Олмон бухрони сиёси сар зад: “эътилофи светофори”, ки хизби Сотсиал-демократи (СДПГ), хизби озоди демократи (СвДП) ва “Иттиходи 90/Сабзхо ” – ро муттахид менамуд, пароканда шудани худро эълон намуд. Канслер Олаф Шолтс изхор дошт, ки 15 январи соли 2025 масъалаи эътимод ба хукумати худро ба овоздихи дар Бундестаг пешниход мекунад. Овоздихии номуваффак метавонад ба интихоботи пеш аз мухлат, ки эхтимолан мохи марти соли 2025 баргузор мешавад, оварда расонад.

Шолтс ва муовини канслер Роберт Хабек ба зарурати халли зудтари бухрон рози шуданд. Пеш аз Мавлуди Исо, Шолтс ният дорад, ки лоихахои асосии конунро ба парлумон пешниход кунад, ки ба дастгирии фаврии саноат ва муътадилсозии низоми нафака равона намуда шудаанд, то суботи иктисодиро дар заминаи тагйироти сиёси таъмин кунанд.
Дар ин замина, канслер тасмим гирифт, ки вазири молия Кристиан Линднер, рохбари СвДП-ро аз кор озод кунад. Линднер, дар навбати худ, масъулияти вайроншавии эътилофро ба Шолтс вогузор намуд ва гуфт, ки демократхои озод омодаанд дар сурати интихоботи пеш аз мухлат рохбариро ба ухда гиранд.
Бояд кайд намуд, ки интихоботи пеш аз мухлат дар Олмон дар холатхои истиснои баргузор мешавад, вакте ки хукумат раъйи эътимодро аз даст медихад. Дар ин холат, президенти федерали метавонад парлумонро дар давоми 21 руз бо дархости канслер пароканда кунад.
Аксхо: bundeskanzler.de