Казокистон ва Венесуэла густариши хамкорихоро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Венесуэла густариши хамкорихоро барраси намуданд

Дар Остона мулокоти Муовини Аввали вазири корхои хоричии Казокистон Акан Рахметуллин бо сафири Венесуэла Росалба Ло Буэ Антико баргузор шуд. Дар чараёни гуфтушунидхо чонибхо доираи васеи масъалахои муносибатхои дучонибаро барраси намуданд.

Ба дурнамои рушди хамкорихои тичоративу иктисодии ду кишвар диккати махсус дода шуд. Дипломатхо имкониятхои густариши хамкорихоро дар сохахои гуногун, аз чумла энергетика, кишоварзи ва сармоягузори барраси намуданд. Ахамияти тахкими заминаи шартномави-хукуки барои фарохам овардани шароити мусоид барои рушди хамкори таъкид гардид.

Илова бар ин, чонибхо масъалахои мубрами рузномаи байналмилали ва хамкориро дар доираи форматхои бисерчониба, аз чумла Дар Созмони Милали муттахид барраси намуданд. Дар масъалахои асосии сиесати чахони дастгирии тарафайн изхор намуда шуд.

Дар натичаи мулокот чонибхо манфиати тарафайнро дар рушди минбаъдаи муносибатхои дучониба тасдик намуданд ва ба мувофика расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро дар сатххои гуногун идома диханд.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: