Дар охири хафтаи пеш аз интихоботи президентии ИМА, номзадхо Камала Харрис ва Доналд Трамп ба иёлотхои калиди ташриф оварда, кушиш намуданд, ки дастгирии интихобкунандагонро ба даст оранд. Тибки назарсанчихои охирин, рейтинги онхо дар масофаи хадди акал аз хамдигар боки мемонад, ки дар доираи хатои омори фарк мекунад.

Харрис дар Мичиган суханрони намуд, ки дар он интихобкунандагонро даъват намуд, ки “тагйирот барои оянда” – ро дастгири кунанд. Вай таъкид намуд, ки маъракаи у ба “бартараф намудани сиёсати тарс ва чудои” нигаронида шуда, чонибдоронро даъват намуд, ки “ба пеш харакат кунанд ва ба кафо нанигаранд”. Се мох пеш аз интихобот, Харрис дастгирии худро дар Гарби Миёна фаъолона васеъ намуд ва нозирон таквияти гайричашмдошти мавкеи худро дар ин минтака кайд мекунанд.
Доналд Трамп дар Пенсилвания, Каролинаи Шимоли ва Чорчия гирдихамои гузаронида, ба тачрибаи президентии худ мурочиат намуд. Вай чонибдоронро даъват намуд, ки “ба интихобот раванд, то бори дигар пируз шаванд” ва ба муваффакияти давраи каблии худ исрор намуд. Дар Пенсилвания Трамп дар такаллуби овозхо гумонбар дониста шуд, гарчанде ки далелхои ин иддаохоро пешниход нанамуд. Дар гирдихамоихои худ президенти собик аз риторикаи шадид, аз чумла зидди занон истифода намуд, ки ба назари коршиносон, метавонад як кисми интихобкунандагони номуайянро тарсонад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки натичаи мусобикаро интихобкунандагоне хал мекунанд, ки хануз интихоби худро муайян нанамудаанд, алахусус дар иёлотхои Айова ва Мичиган.
Аксхо: Evan Vucci