Олмон пас аз катли Олмони Чамшид Шармахд се консулгарии генералии Эронро мебандад – ИА Караван Инфо
Олмон пас аз катли Олмони Чамшид Шармахд се консулгарии генералии Эронро мебандад

Хукумати Олмон дар посух ба катли Чамшид Шармахд, як олмони эрони, эълон намуд, ки хар се консулгарии генералии эрон дар кишвар баста мешаванд. Дар ин бора Вазири корхои хоричии Олмон Анналена Бербок рузи 31 октябр дар Ню Йорк суханрони намуд, хабар медихад Deutsche Welle. Дар Олмон консулгарихои Эрон дар Франкфурт на Майн, Гамбург ва Мюнхен баста мешаванд.

Бербок кайд намуд, ки Берлин борхо хукумати эронро аз окибатхои эхтимолии катли шахрванди олмон огох намудааст. “Холо хулоса бароварда шудааст”, – таъкид намуд вай. Бо катъи кори се консулгарии Олмон хузури дипломатии Эронро ба сатхи хадди акал кохиш медихад. Аммо сафоратхонахои харду кишвар дар Берлин ва Техрон фаъолияти худро идома медиханд.

“Мо медонем, ки Эрони дигаре низ хаст” илова намуд Бербок, бо истинод ба шахрвандони Эрон, ки барои озоди ва хукуки инсон химоят мекунанд. Сафорати Олмон дар Техрон мониторинги вазъи хукуки инсон ва кумак ба шахрвандони олмонро, ки дар Эрон дар шароити ногувор карор доранд, идома хохад дод.

Бастани консулгарихо инчунин маънои онро дорад, ки хамаи вазифахои консули, ба монанди додани шиносномахо ва тамдиди онхо, холо ба сафорати Эрон дар Берлин мегузаранд. Такрибан 300 хазор эронихо дар Олмон зиндаги мекунанд ва ин карор метавонад ичрои як катор расмиёти маъмуриро душвор гардонад.

Чамшед Шармахд дар Эрон ба катл расонида шуд, ки дар он чо у дар хамла ба масчид дар соли 2008, ки дар натичаи он 14 нафар кушта шуданд, гунахкор дониста шуд. Наздикони Шармахд мегуянд, ки вай соли 2020 хангоми интикол дар Дубай аз чониби хадамоти махсуси Эрон рабуда шуда, дар яке аз зиндонхои Эрон зиндони шудааст.

Аксхо: Pixabay.com / noelsch

error: