Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон – ИА Караван Инфо
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

7 ноябр сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.

Нахуст Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гачкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи гач”-ро ба истифода доданд. Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гачкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад.

Дар ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.

Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.

Зимни сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 1,8 гектарро дар бар гирифта, он дорои корхонаи коркарди шиша, коргоҳҳои истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ, мебел, инчунин биноҳои маъмурию хоҷагидорӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳҳо ва иншооти ёрирасон мебошад.

Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни “Вахш Саноат”-ро ба истифода доданд.

Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои асосии Муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Аксҳо: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: