Котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков изхор дошт, ки омодагии Владимир Путин барои мухокимаи халли вазъ дар Украина бо Президенти Интихобшудаи ИМА Доналд Трамп маънои тагйир додани хадафхои Русия нисбат ба Украинаро надорад. Песков таъкид намуд, ки талаботи Русия барои оташбас, ки Путин дар мохи июн эълон намудааст, бетагйир боки мемонад.

Ба гуфтаи Песков, президенти русия хадафхои худро дар чараёни амалиёти низоми тагйир надодааст ва омодаги ба муколама бо чонибхои гуногуни низоъ идомаи курси кушодашави барои гуфтушунидхо мебошад. Вай кайд намуд, ки Путин борхо омодагии худро барои гуфтушунид изхор намудааст, аммо ин талошхо ислохи шароитро барои катъи низоъ дар назар надоранд.
Талаботи Русия аз хорич намудани нерухои украини аз Донбасс, эътирофи истиклолияти ДНР ва ЛНР, инчунин дигар каламравхо, эътирофи ин минтакахо хамчун як кисми Русия, бекор намудани тахримхои гарби ва таъмини макоми Гайриблокии Украина иборат аст. Ин шартхо хам аз чониби хукумати Украина ва хам аз чониби кишвархои гарби, инчунин аз чониби худи Трамп, ки каблан онхоро гайри кобили кабул меномид, рад намуда шуданд.
Дар форуми “Валдай” Путин инчунин кайд намуд, ки изхороти Пешазинтихоботии Трампро дар маъракаи худ шарх намедихад ва илова намуд, ки нияти Трамп барои баркарор намудани муносибатхо бо Русия ва кумак ба хотима додани бухрони украина сазовори таваччух аст. Трамп дар навбати худ изхор дошт, ки омода аст бо Путин тамос гирад, аммо мухлати дакики чунин гуфтушунидхоро нагуфт.
Аксхо: Вячеслав Прокофев / Sputnik / Reuters