Президенти ИМА Чо Байден ба миллат мурочиат намуда, Доналд Трампро бо пирузи дар интихобот табрик гуфт ва ухдадории худро ба интиколи муназзами кудрат, ки 20 январ ба накша гирифта шудааст, тасдик намуд. Байден таъкид намуд, ки интиколи осоиштаи кудрат асоси демократия аст ва илова намуд, ки сарфи назар аз ихтилофоти сиёси, “мубориза барои чони Амрико” идома дорад.

“Мо бояд дар хамдигар на мухолифон, балки хамватанони амрикоиро бубинем”,-кайд намуд Байден, ба тарафдорон ва интихобкунандагони харду хизб мурочиат намуд. Вай инчунин таъкид намуд, ки системаи интихоботии Амрико “бовичдонона, одилона ва шаффоф” аст ва даъват намуд, ки ба эътимоднокии он шубха гузошта шавад.
Ноиби президент ва номзади демократ Камала Харрис, ки аз Трамп маглуб шуд, итминон дод, ки дар давраи гузариш дастгири хохад намуд, гарчанде ки изхор дошт, ки бо биниши сиёсии у рози нест.
Интихобот, ки 5 ноябр баргузор шуд, сатхи баланди ноумедиро дар байни амрикоихо аз вазъи иктисоди нишон дод. Сабабхои асосии он, ки чумхурихох Доналд Трамп тавонист дастгирии васеъро чалб кунад, афзоиши таваррум ва нигарони аз амнияти марзхо мебошанд. Гуруххои ахолии камдаромад ва Амрикои Лотини, ки ба таври анъанави демократхоро дастгири менамуданд, ба Трамп дастгирии махсус намуданд.
Тибки натичахои интихобот, чумхурихохон низ дар Сенат аксариятро ба даст оварданд, ки ин ба Трамп назорати палатаи Болоии Конгрессро таъмин мекунад. Дар Палатаи намояндагон бартарии чумхурихохон хануз муайян нашудааст, зеро хисоби овозхо хануз идома дорад.
Тибки иттилои манбаъхо, маъмурияти Трамп метавонад сохибкорони намоёнро ба мисли Директори Генералии Tesla Илон Маск ва номзади собики президенти Роберт Кеннеди хурди дар бар гирад. Бозгашти аъзои собики дастаи Трамп, аз чумла Роберт О’брайен ва Майк Помпео низ барраси мешавад.
Хамин тарик, пирузии Трамп ва тахкими мавкеи чумхурихохон дар Сенат тагйироти назаррасро дар курси сиёсии ИМА нишон медихад, ки хам дастгири ва хам нигарониро дар сафи Хизби Демократи ба вучуд меорад.
Аксхо: thenews2.com