Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп аввалин карори кадрии худро эълон намуд, ки бо бозгашти у ба Кохи Сафед дар мохи январи соли оянда эътибор пайдо мекунад. Сюзи Уайлс, яке аз рохбарони пешбари маъракаи интихоботии у, раиси маъмурияти Кохи Сафед таъин намуда шуд ва аввалин зан дар ин вазифа шуд.

Трамп Уайлсро хамчун “шахсияти кави, окил ва навовар” тавсиф намуда, обруи баланди уро таъкид намуд. “Ман шубха надорам, ки вай барои кишвари мо ифтихор хохад буд” гуфт президент дар изхорот.
Уайлс аллакай бо Трамп тачриба дошт, ки маъракаи уро дар Флорида дар солхои 2016 ва 2020 рохбари менамуд ва дар муваффакиятхои у дар минтака накши калиди бозид. Трамп хидматхои охири уро кайд намуд ва гуфт, ки вай “ба у дар ба даст овардани яке аз бузургтарин пирузихои сиёси дар таърихи ИМА кумак намудааст.”
Ин таъинот кадами аввалини Трампро дар ташкили маъмурияти нави худ нишон медихад, ки расман рузи 20 январ ба кор шуруъ мекунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода