Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар саммити гайринавбатии муштараки арабу исломи дар Шахри Эр-Риед иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар саммити гайринавбатии муштараки арабу исломи дар Шахри Эр-Риед иштирок намуд

Санаи 11 ноябр Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон дар саммити гайринавбатии муштараки Арабу исломи, ки дар Эр-Риёд, Шохигарии Арабистони Сауди баргузор шуд, иштирок намуд.

Эмомали Рахмон кайд намуд, ки баргузории хамоиш дар ин лахза як кадами саривакти ва мухим барои мухокимаи вазъи Фаластин ва Лубнон мебошад. “Афзоиши бархурдхои мусаллахона ва тамоюли густариши онхо, инчунин бухрони афзояндаи башардустона дар минтака боиси нигаронии амики мо шудааст” гуфт у.

Вай таъкид намуд, ки сарфи назар аз як соли огози бархурдхои мусаллахона дар Газза, хама кушишхо барои ба даст овардани ошти байни тарафхо бенатича буданд.

“Мо бори дигар аз хамаи чонибхо даъват менамоем, ки ихтилофотро танхо бо рохи гуфтушунид ва талошхои дипломати бо такя ба принсипу меъёрхои эътирофшудаи хукуки байналмилали, аз чумла Оинномаи Созмони Милали муттахид хал намоянд”, — гуфт Президенти Точикистон.

Президент инчунин чонибдори таквияти накши хамохангсозии Созмони Милали Муттахид ва дастгирии талошхои дигар созмонхои бонуфузи байналмилали, аз чумла созмони хамкории исломи барои муътадил гардонидани вазъ дар минтака буд.

Вай аз тамоми кишвархои минтака ва чахон даъват намуд, ки хамбастаги, эътимод ва эчодкори нишон диханд ва барои пешгирии мунокишаи тулони дар Шарки Наздик чорахои муассиртар андешанд.

Дар хотима, Сарвари давлат аз пешниходи Точикистон дар ичлосияи 79-уми Ассамблеяи Генералии СММ ёдовар шуд, ки дар бораи Эълони “Дахсолаи тахкими сулх ба хотири наслхои оянда”, ки ба сулхсози ва халли осоиштаи низоъхо равона шудааст, катъномаи махсус кабул кунад.

Президенти Точикистон изхори итминон намуд, ки натичахои хамоиш барои халли мушкилоти Фаластин ва ба эътидол овардани вазъ дар минтака кадами мухим хохад буд.

Аксхо: хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: