Санаи 1 ноябр дар шахри Нови-Сад, вокеъ дар шимоли Сербия, дар истгохи рохи охани навтаъмиршуда як панчараи бетони фуру рехт. Дар натичаи фочиа 14 нафар кушта шуданд, ки ин боиси эътирозхои оммави дар Белград шуд. Иштирокчиёни аксияи зиддихукумати боздошт ва истеъфои шахсони мансабдори олиро талаб намуда, онхоро дар беэхтиёти ва фасод, ки ба назари онхо сабаби фалокат буд, айбдор намуданд.

Дар чараёни тафтишот маълум шуд, ки таъмири истгохи рохи охан, ки аз чониби пудратчии чини анчом дода шудааст, ба сарпуши бетони, ки дар холати номуносиб карор дошт, таъсир нанамудааст. Бо вучуди он ки корхо оид ба навсозии вокзал дар доираи омодаги ба огози хатти каторхои баландсуръат байни Белград ва Будапешт ичро намуда шуданд, бехатарии баъзе унсурхои бино дуруст санчида нашудааст.
Вазири сохтмони Сербия хафтаи гузашта истеъфо дод, аммо то хол ба шахсони мушаххасе, ки барои ин ходиса масъуланд, иттихоми расми эълон нашудааст. Хукумати Сербия ваъда дод, ки гунахкорон ба чавобгари кашида мешаванд, аммо эътирозгарон бар ин назаранд, ки вокуниши макомот барои пешгирии чунин фочиахо дар оянда кофи нест.
Аксхо: travelira.ru