
Хукумати Казокистон гузаришро ба минтакаи 5-уми соат (UTC+5) тасдик намуд, ки ба дарозии чугрофии кисми зиёди каламрави кишвар мувофикат мекунад. Вазири савдо ва хамгирои Арман Шаккалиев хабар дод, ки карор ба хулосахои гурухи кории Байнисохави, ки олимон, вакилон, ходимони давлати ва намояндагони ташкилотхои чамъиятиро дар бар мегирад, асос ёфтааст. Паймони байналмилалии чонибдорони вакти табии (IANT) хулосаи мусбат дод ва таъкид намуд, ки ин минтакаи вакт барои ахоли бехтарин аст.
Вазир кайд намуд, ки гузариш ба UTC+5 бозгашт ба вакти табиии дар давраи шурави гумшуда аст. Таърихан Казокистон борхо минтакахои соатро ба манфиати иктисодиёти накшави иваз намудааст, аммо кисми зиёди каламрав хамеша дар минтакаи 5-уми соат буд. “Ин тачриба нест, балки бозгашт ба давраи табиии вакт аст”, — таъкид намуд Шаккалиев.
Имруз беш аз 76% ахолии Казокистон (беш аз 15 миллион нафар) дар минтакахое зиндаги мекунанд, ки минтакаи 5-уми соат бо дарозии чугрофии онхо мувофикат мекунад.
Сарвазир Олжас Бектенов ташаббусро дастгири намуда, онро илми асоснок ва максаднок номид. “Ман ба вазоратхои савдо ва иттилоот супориш медихам, ки корхои фахмонидадихии фаъолтарро анчом диханд, то ахоли манфиатхои ин гузаришро бехтар дарк кунанд” гуфт у.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти сарвазири ЧК