Санаи 18 ноябр дар доираи сессияи 79-уми Ассамблеяи Генералии СММ катъномае дар бораи хамкории Созмони Милали Муттахид бо Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи (СААД) кабул намуда шуд.
Хуччат сахми назарраси СААД-ро дар тахкими неруи сулхчуён, таъмини амният ва суботи минтакави таъкид мекунад. ДАР байни самтхои асосии ФАЪОЛИЯТИ СААД мубориза бо терроризм, чинояткории муташаккили фаромилли, гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва силох, муковимат ба савдои одамон, мухочирати бетартиб, инчунин бартараф намудани окибатхои офатхои табии ва техногени чудо намуда шудаанд. Ин талошхо ба татбики хадафхо ва принсипхои СММ мусоидат мекунанд.
Ассамблеяи генерали ба дабири кулли СММ тавсия дод, ки машваратхои мунтазами худро бо дабири кулли СААД идома дихад. Тамосхои дучониба ва иштирок дар форумхои бисёрчониба ба харду созмон имкон медиханд, ки шарикиро таквият диханд.
Чонибхо инчунин нияти хамкори дар татбики пайдарпайи стратегияи Глобалии зиддитеррористии СММ-ро тасдик намуданд. Дар накша – омузиши имкониятхои нав барои тахкими хамкори дар сохаи нигох доштани сулху субот.
Илова бар ин, Ассамблеяи Генералии СММ тасмим гирифт, ки ба рузномаи пешакии сессияи 81-уми худ зербанди “Хамкори байни Созмони Милали Муттахид ва Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи” – ро дар доираи мавзуи хамкори бо созмонхои минтакави ва дигар созмонхо дохил кунад.

Аксхо: сомонаи расмии СММ