Сафир ва вазири корхои дохилии Точикистон бо курсантхои вазорати корхои дохилии русия мулокот намуданд – ИА Караван Инфо
Сафир ва вазири корхои дохилии Точикистон бо курсантхои вазорати корхои дохилии русия мулокот намуданд

Санаи 18 ноябр дар Маскав мулокоти Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон Дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмахмадзода Ва Вазири корхои дохилии Точикистон Рамазон Рахимзода бо афсарону курсантхои Вазорати корхои дохили, ки дар муассисахои таълимии Вазорати Корхои дохилии Русия тахсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар чараёни мулокот Давлатшох Гулмахмадзода дар бораи дастовардхои Точикистон дар 33 соли истиклолият накл намуд. Ба хифзи арзишхои таърихию фархангии кишвар ва тахкими худшиносии миллии чавонон диккати махсус дода шуд. Сафир таъкид намуд, ки муваффакиятхои Точикистон асосан ба дастгирии доимии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон вобаста аст, ки барои омузиш ва рушди касбии насли чавон шароити мусоид фарохам меорад.

Вазири корхои дохили Рамазон Рахимзода аз ташаббусхои калидии Дар Паеми Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ба Мачлиси Оли зикргардида ёдовар шуд. Аз чумла, у диккати худро ба эълони соли 2024 “Соли маърифати хукуки”равона намуд.

Вазир ахамияти омузиши илмхо ва забонхои хоричи, эхтиром ба арзишхои милли ва ватандустиро кайд намуд ва курсантхоро даъват намуд, ки аз амалхои гайриконуни канорагири кунанд ва ба чалби чавонон ба харакатхои террористи ва экстремисти мукобилат кунанд.

Илова бар ин, Рахимзода зарурати тарбияи чавононро дар рухияи масъулият ва садокат ба идеалхои баланди ахлоки ва шахрванди таъкид намуд. Ин вохури барои мухокимаи афзалиятхои сиёсати давлатии Точикистон нисбати чавонон ва накши он дар тахкими тартиботи хукуки ва амният майдони мухим гардид.

АКСХО: Вазорати корхои дохилии Точикистон

error: