ХФ-ро ба гаразноки нисбат ба тарафдорони Трамп айбдор мекунанд  – ИА Караван Инфо
ХФ-ро ба гаразноки нисбат ба тарафдорони Трамп айбдор мекунанд 

Конгрессмени чумхурихох Чеймс Комер изхор дошт, ки агентии Федералии идоракунии холатхои фавкулодда (FEMA) чонибдорони президент Доналд Трампро хамчун “террористони дохили” мехисобад. Ходисае, ки Комер дар бораи он хабар дод, мохи октябр дар Иёлоти Чорчия пас аз туфони “Хелен” рух дод. 

Ба гуфтаи Комер, пудратчии FEMA, ки ба хонаи собикадори солхурда ташриф овардааст, тавсия додааст, ки маводхои марбут ба маъракаи Пешазинтихоботии Трампро бо истинод ба дастурхои рохбарият аз каламрави хона хорич кунанд. “Сохибони пиронсоли хона тарсиданд ва хама рамзхоро нест намуданд, аммо кормандони агенти дигар барнагаштанд” навиштааст конгрессмен дар шабакаи ичтимоии X. 

Каблан дар FEMA аллакай чанчол рух дода буд: корманд пас аз дастур додан ба кумак ба тарафдорони Трамп дар туфони Хелен аз кор ронда шуд. Мудири FEMA Дин Крисвелл итминон дод, ки чунин амалхо ба сиёсати агенти мувофикат намекунанд. 

Худи Доналд Трамп Маъмурияти Чо Байденро дар кумаки нокифоя ба зарардидагони туфон айбдор намуд ва кайд намуд, ки “миллиардхо доллар ба хорича фиристода мешавад, дар холе ки амрикоихо бе дастгири мемонанд.” 

Туфоне, ки дар мохи сентябр ба чанубу шарки ИМА зарба зад, беш аз 220 нафарро кушт. Сокинони Каролинаи Шимоли ва Чануби, Флорида, Чорчия ва Теннесси зарар диданд. 

Трамп, ки дар интихоботи 5 ноябри соли 2024 пируз шуд, аввалин сиёсатмадори такрибан ду аср шуд, ки пас аз чахор соли танаффус ба Кохи Сафед баргашт. Камала Харрис маглубиятро эътироф намуд ва Чо Байден голибро табрик гуфт. 

Маросими савгандёдкунии президенти 47-уми ИМА 20 январи соли 2025 баргузор мешавад.

Аксхо: Evan Vucci

error: